(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

24 НОЯБР-РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ дар толори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо иштироки васеи кормандони Дастгоҳи марказии Корхона оид ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Директори Корхона Акрамзода Юсуф Акрам  суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки имрўз мо дар таҷлили иди пуршукуҳ, яъне рўзи қабули яке аз рамзҳои давлатї, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Воқеан ҳам давлати соҳбистиқолро бе доштани рамзҳои давлатї, аз ҷумла Парчами давлатї тасавур кардан ғайриимкон аст. Зери парафшонии Парчам ифтихори  миллии ҳар як фарди ба нангу номус ва соҳибватан ҳамеша танинандоз мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибистиқлол ва ягона буда, шакли олии нишони соҳибдавлатист.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърих Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби Парчами миллии худ буд. Дар Парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.

Сосониён низ соҳиби Парчами худ буданд. Парчами Сосониён Дирафши Ковиён ном дошт. Парчами Сосониён аз матои қиматбаҳои чоркунҷаи ғафс сохта шуда, бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта буд. Ин сангҳои қиматбаҳоро ҳар як шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба ин Парчам зам мекард. Дар болои Парчам уқоби болкушода ва офтобе, ки дар Парчами Ҳахоманишиҳо тасвир ёфта буд, ҳамчун сарнайза сохта шуда, дар поёни Парчам матоъҳои сурху кабуду зарди борик овезон буданд. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ сангҳои қиматбаҳое, ки дар Парчами Сосониён буданд, арзиши андози як вилоятро доштанд.

Ин рамзи муқаддаси давлатӣ дар марҳалаҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз санаи 24  августи соли 1990 заминаҳои ҳуқуқии худро дар Эъломияи  истиқлолияти Тоҷикистон   пайдо намуда буд. Аз ҷумла дар моддаи 18 Эъломияи истиқлолияти давлатӣ муқарар шудааст, ки Нишони миллӣ, байрақ ва Суруди миллӣ рамзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муқаддасанд ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд. Дар ҳамин асос Шӯрои Олии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 “Дар бораи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард. Ҳамин тавр вобаста ба ҳар як рамзи давлатӣ бо Қабули қонун низомномаҳои алоҳида қабул гардид. Аз ҷумла 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Баъдан бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 3 муқаррар гардид, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ мебошад.

Парчами нави давлатии  ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шўрои Олї 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Баъд аз қабули Конститутсия зарурияти қабули ҳамаи қонунҳо бо тарҳи нав мутобиқ ба давлати соҳибистиқлол ва ягона ба миён омад. Бо ҳамин Қонун тартибу ҷои парафшонии Парчаи давлатӣ, уҳдадории ҳар як шахс ҷиҳати эҳтиром ба он, ҷавобгар низ барои вайрон кардани қонуни мазкур муқаррар гардид.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷа иборат буда, аз се хати уфуқӣ:  боло – сурх, миёна –сафед ва поён – сабз иборат мебошад. Дар маркази Парчам тоҷи зарҳалишуда ва дар шакли нимдоира 7 адад ситораҳои панҷгӯша тасвир ёфтаанд. Тибқи Низомнома, ки дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 – ноябри соли 1992 қабул шудааст, гуфта шуда буд: “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён мебошад.”

Президенти мамлакат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи Парчами Тоҷикистон моҳияти рангҳои онро чунин маънидод намуда буданд: “Рангҳои Парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад. Ранги сурх- рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- ранги хушбахтӣ, орзу ормон ва умед, ранги сабз- рамзи гулгулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад”.

Тоҷи зарҳалишудаи нимдоира иборат аз ҳафт ситора- рамзи ҳафт вилояти таърихӣ мадании Тоикистони муосирро ифода мекунанд.: Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.  

Парчами давлатии Тоҷикистон барои ҳар як сокини ҷумҳуриамон азиз мебошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он, яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад. Тавре аз оинаи нилгун пайваста мебинем дар мусобиқаҳои мухталифи ҷоми ҷаҳонӣ Парчами миллии ин ё он варзишгари ғолиб баъди ғолиб омаданаш бо навохтани суруди миллии он кишвар вобаста ба ҷои ишғолкардааш бо тантанаи махсус боло бардошта мешавад.

Инчунин дар Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон омадааст, ки ашхоси қасдан ба Парчами миллии кишвар зарар расонида бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Имрӯз дар майдонҳои марказии шаҳру ноҳияҳои кишвар Парчами миллӣ қад афрохта, ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ муқаддас шумурда мешавад.

Ифтихори миллии мо Парчам аст.

Рамзи сулҳу давлати мо Парчам аст.

Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо дар фазои ороми кишвари маҳбубамон парафшонӣ намояд!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳозирини гиромӣ!

  

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх