(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ДУР ШАВ АЗ НАЗАРАМ ВОЪИЗУ АФСОНА МАГӮЙ…

Ҳодисоту воқеҳои имрӯзии ҷаҳони муосир тавре рух медиҳанд, ки пешгӯӣ кардани онҳо ғайриимкон гардидааст. Пайдоиш ва ташаккули гурӯҳҳои мухталиф дар ҷаҳони муосир, ки барои башарият хатароти ҷиддиро ба бор овардаанд, ҳар лаҳза имкон дорад мусибатҳои гӯшношуниедро барои аҳли башар эҷод намояд ва боиси нооромӣ дар ин ё он кишвар гардад.

Беҳуда нест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  маҷлисҳои ҳукуматӣ, дар вохӯрӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар мушкилоти мавҷуда ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, пешгирии ҷавонон ҷиҳати шомилшавӣ ба гуруҳҳои терористию экстремистӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо пеш аз ҳама тарбияи дуруст ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонони кишвар мебошад.

Қабл аз ҳама мо бояд мафҳуми ифротгароиро бидонем ва аз оқибатҳои даҳшатбори ин падидаи хатарнок ва пурфоҷеа ҷилавгирӣ намоем. Ифротгароӣ дар замони мо падидаи нав нест. Ифротгароӣ ҳанӯз дар давраҳои қадим зуҳур карда, дар баъзе мавридҳо аз худ дарак медод. Ифротгароӣ  на фақат дар доираи дин маҳдуд аст, балки дар тамоми раванди ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. Мафҳуми «Ифротгаро» аз ду реша иборат буда, якумӣ аз калимаи араби «Ифрот- افراط», яъне «фатарот  –  فطرات  «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ-тоҷикии «гароگرا  » иборат аст, ки маънояш «гаравидан», «шомил гаштан» ва «майл кардан» аст.

Тавре ба мо маълум аст ва аз тариқи васоити ахбори ҷаҳонӣ мебинем, дар якқатор давлатҳо, махсусан кишварҳои исломӣ терроризм ва ифротгароӣ рӯз ба рӯз авҷ гирифта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ба таблиғоту ақидаҳои ифротгароӣ зиёд мегардад. Аксари гурӯҳҳои ифротгару ҷудоихоҳ мекӯшанд, ки дини мубини исломро сипари худ қарор дода, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро ба роҳи бад бурда, ба манфиати хеш истифода намоянд. Мо дар зиндагии чанд соли пеши худ дидем, ки маҳз исломгароёни ифротгаро чи қадар ҷавонони моро бо роҳи фиребу найранг ба сафҳои нопоки худ ҷалб намуда, бо ваъдаҳои хурофотии худ, ки гӯё ширкат дар муборизаҳои бо ном ҷиҳодӣ онҳоро рост ба биҳишт мебарад, фаъолиятҳои нопоки худро ҳанӯз ҳам идома дода, таблиғоти дурӯғини худро дар байни ҷавонону наврасон идома дода, барои нотинҷ гардондани ҷамъият ва сохти конститутсионӣ муборизаи беамон мебаранд. Инро мо дар мисоли фурӯхташудагони ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, гурӯҳи 24 ва Муҳаммадиқболи ватанфурӯш мебинем, ки бо мақсадҳои нопоки худ мехоҳанд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ватани маҳбубамон, ки барои ҳар кадоми мо  муқаддас аст, низоъи дохилиро роҳандозӣ намуда, кишвари осоиштаи моро ноамну ноором намоянд. Мо хуб медонем, ки ин гуруҳҳои экстремисту ҷудоихоҳ дар аввоили солҳои навади асри гузашта чӣ корҳое накарданд ва Тоҷикистони моро ба даҳсолаҳо ба қафо партофтанд. Мақсади ягонаи онҳо ҷорӣ намудани низоми исломӣ ва ба ин васила эҷоди як давлати аморатӣ дар кишвар буд. Вале, тири онҳо хок хӯрд ва мардуми шарифи Тоҷикистон мақсаду мароми онҳоро зуд пай бурд ва таҳти раҳбарии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, бар зидди ин гурҳҳои ҷудоихоҳ муборизаи беамон бурд ва мухолифини ҳукумат маҷбур шуданд сари мизи музокирот биншинанд ва дар натиҷа мардуми шарифи Тоҷикистон ба ризоияти миллӣ даст ёфта, баҳри ободии икшвар камари ҳиммат бастанд. Имрӯз шукри онро мекунем, ки дар ватани ободу осоишта умр ба сар мебарем ва баҳри ободию шукуфоии втани маҳбубамон заҳмат мекашем ва барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити мусоидеро баҳри зисту кор муҳайё менамоем.

Дар марҳилае, ки ҷаҳон хавфи ҳар лаҳза таркидан дорад, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва пешгирии сафари онҳо ба ҷангҳои хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ дода, ба ин масъалаи басо муҳим бетараф набошем. Мо барои ҷавонони гумроҳ ва умуман шахсоне, ки аз дини мубини ислом ва аҳкоми шаръӣ огоҳӣ надоранд, тамоми маводро таҳия ва тарҷумуа намудаем. Махсусан дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия, тарҷума ва чопи Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ анҷом дода шуд, ки он ҳоло ба китоби рӯидастии шаҳрвандони кишвар табдил ёфта, аҳли ҷомеа ба мазмун ва моҳияти аҳкоми ислом ошноӣ пайдо карда, дигар ба ҳарфҳои дурӯғини зоҳирфиребони исломӣ бетавачҷҷуҳӣ зоҳир намуда, гӯш ба тазвири риёкорону ба ном исломиҳо намекунанд.

Ҷалби ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гуруҳҳои ифротгаро далелҳои зиёде дорад. Мутахассисони бахш дар таҳлилҳои худ нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои содир шудани ҷиноятҳои муқобили ҳаёт ва саломатӣ, иштироки ҷавонон дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, аз паст будани сатҳи таълиму тарбия дар оила, муассисаҳои таҳсилоти миёна умумӣ ва олӣ, сустии назорати баъзе аз волидайн ва омӯзгорон ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон иборат аст. Бинобар паст будани дараҷаи таълиму тарбия ҳисси инсондӯстию, вантандӯстӣ ва адлоатпарварии наврасону ҷавонон коҳиш ёфта, баръакс дар фитрати онон хислатҳои бади инсонӣ ба монанди бетарафӣ, дуруштӣ, дилсахтӣ, ҷаҳолати бадбинӣ бештар маскан гирифта, ба содир шудани кирдорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби онҳо мусодидат мекунад. Ҷавононе, ки ба риояи аҳкоми шариати Ислом бештар майл доранд, бинобар ноогоҳии сиёсӣ, паст будани сатҳи донишҳои динӣ, ба таври дахлдор надонистани талаботҳои мазҳаби ҳанафӣ, ки онро тамоми ниёгону бузургони мо пайравӣ кардаанд ва дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқӣ ба равияҳои террористӣ ва эксремистӣ, яъне ифротгароӣ шомил шуда, ба пайдоиши низову ихтилофотҳои динию мазҳабӣ кӯр-кӯрона мусоидат мекунанд, ки он оқибатҳои нек надошта, чунин амалҳо бояд дар ҷомеа ба таври қатъӣ маҳкум карда шаванд.

Тибқи маълумотҳои ВКД ҶТ имрӯзҳо зиёда аз 1300 нафар ҷавони тоҷик дар сафи ДИИШ ҷангида истода, гӯё онҳо «Давлати исломӣ» барпо мекарда бошанд. Онҳо дарк намекунанд, ки дар ҳудуди кадом давлат ва барои чӣ ва бо кӣ ҷангида истодаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшатбори худ ба шарафу номуси давлату миллати хеш хиёнат карда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андӯҳ овардаанд. Аксарияти ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил гардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.

Имрӯз ҳар як фарди солимақли ҷомеа бояд дар пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб саҳмгузор бошад, қаблан ба ҳар як шаҳрванди инсондӯсту ватандӯст зарур аст, ки бо андухтани дониши амиқу ҳаматарафа ва дар худ парваридани хислатҳои ҳамидаи одамӣ ба наврасону ҷавонон намуна бошанд, зеро ҷавонон, ки ояндаи миллату давлати маҳбубамон мебошанд дар ҳалли бисёр масълаҳои ҳаётӣ ва пешгири ҷинояткорӣ қодир ҳастанд. Мо дар якҷоягӣ вазифадорем, ки сохти мавҷудаи конститусиониро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем ва таҳти сарварии Пешвои маҳбубамон баҳри зиндагии шоистаи тамоми қишрҳои ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем ва аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда истифода намоем. Мо бояд тавре ҷавононро тарбия намоем, ки ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавононро баланд бардорем, кореро ба анҷом расонем, ки ватани азизи мо Тоҷикистон ба Афғонистони дуввум мубаддал нагардад. Афғонистони ҳамсояи мо дар асари таъсири рӯҳониёни чалласавод, ки бо ном муборизаҳои ҷиҳодӣ мебаранд, беш аз 40 сол аст, ки ин сарзамини фаррохро ба майдони ҷангу низоъ ва хусуматҳои қавмӣ табдил дода, арзишҳои инсониро поймол карда, як давлати қавмгаро ва ғайридунявиро эҷод карда, махсусан мақоми занро дар сатҳи поинтарин қарор дода, макотибу дорулфунунҳоро ба рӯи онҳо баста, ҳуқуқҳои инсонро ба сифр расондаанд. Дар ин кишвари ҷангзада маҳз ҳамин ифротгароёни исломӣ миллтаро ба гурӯҳу қавмҳо ҷудо карда, бо баҳонаи мазҳаб қавмҳоеро, ки дар мазҳаби ҳанафӣ нестанд, қатл намуда, аз хонаву дарашон беҷо кардаанд. Мисоли равшанаш ин аст, ки дар Дашти Барчии минтақаи назди Кобул қавми ҳазораро замоне, ки писарону духтарон дар мактаб ва дар масҷид адои намозро анҷом медоданд, тавассути силоҳ ва маводи тарканда терор намуда, дар як замон беш аз ҳазор нафарро ба қатл расонданд. Ин ваҳшониятро ҳамон гуруҳҳое, ки тухми ҷудоихоҳиро дар байни миллат мекоранд, анҷом дода ва ин корро мудом иҷро менамоянд.

Дар хотима зикр кардан ба маврид ба зикр аст, ки чавонони имрӯзаи мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри илму дониш, созандагию ободкорӣ равона созанд. Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ сармашқи кори худ қарор дода, занҷираи мустаҳкамеро дар бунёди давлати миллиамон эҷод намуда,пеши роҳи ҳамагуна ҳаводиси пурпечутоби хатарнок барои ҷомеаро бигирем ва нагузорем, ки ақидаҳои хуношоми ташкилоту созмонҳои ифротию террористӣ ба ҷомеаи мо роҳ ёбанд. Шиори Ҳофизи бузургворро ҳадафи худ қарор дода, ба ин гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷудоихоҳ бигӯем:

Дур шав аз назарам воъизу афсона магӯй,

Ман на он бошам дигар гӯш ба тазвир кунам.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх