(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Саҳми КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар ҷамъоварии ҳосили картошка

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар шинонидану ҷамъоварии ҳосили картошка саҳми шоиста гузошта, барои шинонидану ҷамъоварии картошка тамоми техникаю мошинолтҳои заруриро ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор додааст ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ин замина мушкилоте надоранд.

Роҳбарияти Корхона тасмим гирифтааст, ки барои пурра аз байн бурдани корҳои дастӣ аз навъ мошинолот бештар ба ҷумҳурӣ ворид намуда, бо тариқи иҷораи молиявӣ пешкаши хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардонад.

Хоҳишмандон имконият доранд, ки аз КВДҶ “Тоҷикагролизинг” картошкашинонаку картошкаканакҳоро дастрас намуда, дар истеҳсолот самаранок истифода намоянд.

      

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх