(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Ҷамъоварии пиёз дар хоҷагиҳои ноҳияи Рӯдакӣ

Механикунонии соҳаҳои кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб ёфта, бо ворид намудани техникаю мошинолоти соҳавӣ марҳила ба марҳила ҷои корҳои дастиро техникаю таҷҳизот иваз намуда, бад-ин васила истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ зиёд ва бозори истеъмолии мамлакат ғанӣ мегардад.

Бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо мақсади таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва хоҷагидорӣ тавонистааст, ки таи чанд соли охири фаъолияташ тамоми намуди техникаю мошинолоти муҳими кишоварзиро аз кишварҳои Туркия, Олмон, Федератсияи Россия, Љумҳуриҳои Белорус, Ӯзбекистон ва Чин ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии кишвар қарор диҳад.

Имрӯзҳо хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Хатлону Суғд, Бадахшону шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар самти кишту ҷамъоварии зироатҳои муҳими ғизоӣ-пиёзу картошка бо истифода аз мошинолоти пиёзшинонию пиёзканӣ, картошкашинонию картошкаканӣ имконият пайдо кардаанд, ки кишту ҷамъоварии ин зироатҳоро саривақт анҷом дода, барои кишти такрорӣ заминаи мусоидеро фароҳам оваранд.

Боназардошти мушкилоти деҳқонон «Тоҷикагролизинг» аз Љумҳуриҳои Белорус, Эрон ва корхонаҳои ватанӣ 453 адад картошкаканаку картошкашинонак, 37 адад култиватори картошка, аз давлати Олмону Федератсияи Россия зиёда аз 40 адад тухмипошакҳои универсалиро барои тамоми намуди  тухмиҳо аз қабили гандуму ҷав, пиёзу ҷуворимакка, юнучқаю дигар тухмиҳои ғалладонагӣ ва ба ҳамин миқдор пиёзканакро ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дода, имрӯзҳо ҷиҳати шинонидану ҷамъоварии ин ду намуд зироат роҳи ҳалли худро пайдо намудааст.

Махсусан бо ворид намудани тухмипошаки универсалии «Амазон» аз давлати Олмон, ки тамоми намудҳои зироатҳои ғалладонагӣ аз қабили юнучқа, пиёз, гандуму ҷав, ҷуворимакка ва ғайраҳоро кишт менамояд, кори деҳқонон бамаротиб осон гашта, онҳо имконият пайдо намудаанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат киштро анҷом диҳанд.

Бо истифода аз техникахои пуриқтидори шудгоркунанда замин тибқи қоидаҳои агротехникӣ дар як муддати кӯтоҳ шудгор ва тавассути кулухмайдакунак нарм карда шуда, ҳамзамон бо истифода аз таҷҳизоти заминҳамворкунак заминро ҳамвор намуда, кишти пиёз анҷом дода мешавад.

Имрӯзҳо дар хоҷагии деҳқонии “Фирӯз”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои соҳавӣ пиёзи барвақтӣ коркард шуда, дар вақти парвариши пиёз механизаторон таҷҳизоти нармкуниии байниқаторҳоро тағйир дода, мутобиқ бо чархҳои тракторҳо масофаи байни ҷӯякҳоро 140 см кардаанд, ки ҳангоми коркард ва ҷамъоварии пиёз чархи трактор озодона дар ҷӯякҳо ҳаракат карда, ба пиёз осебе намерасонад. Дар вақти коркарду парвариш ба пиёз тавассути заҳрпошак барои нест кардани ҳашарот заҳрхимикатҳо пошида шуда, дар марҳилаи дуюм бо дастгоҳи МРУ озуқа дода шуда, дар марҳилаи сеюм тавассути чизел-култиватор замин нарм карда мешавад, ки ин корҳо пештар бо даст иҷро карда мешуданд. Бартарии ин мошинолотҳо аз он иборат аст, ки хушова кардани алафҳои бегона на тавассути даст, ки дар як гектар то 20 нафар заҳмат мекашиданд, балки ба таври механикӣ анҷом дода мешавад. Дар натиҷаи сарфаи вақту қувваи корӣ қиммати маҳсулот арзон гардида, бозори истеъмолии кишвар аз маводи ғизоӣ таъмин мегардад.

Усули ба таври механикӣ кишту ҷамъоварии пиёз дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ ба воситаи тухмипошаки «Амазон», ки ба таври дақиқ дар як га. аз 11 то 13 кг. тухмиро мепошад, соли чаҳорум аст, ки ба роҳ монда шудааст.

Хурсандиовар аст, ки деҳқонон бартарии таҷҳизоти пиёзшинонию пиёзчиниро дида, имрӯзҳо барои ба даст овардани он ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» муроҷиат намуда, дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки дар мавсими кишту ҷамъоварии пиёз ин таҷҳизотҳоро дастрас ва  самранок истифода намоянд.

Хоҷагии деҳқонии “Фирӯз” ҳамчунин пиёзи тухмӣ, пахта, юнучқа ва дигар навъҳои зироату сабзавотҳоро кишт намуда, саҳмдорон дар замини киштшуда бо азму иродаи қавӣ кору заҳмат кашида истодаанд.

Корхонаи «Тоҷикагролизинг» боназардошти талаботи хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки тамоми намуди тухмипошакҳо, махсусан тухмипошаки «Амазон» ва дигар мошинолоти ба ин соҳа заруриро, ки ба он талабот хеле зиёд аст, аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ ва маблағҳои буҷетӣ бештар ворид намуда, иҷрои корҳои дастиро марҳила ба марҳила коҳиш дода, соҳаи кишоварзиро пурра мехникӣ намояд.

         

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх