(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Мулоқоти судманд бо намояндагони JICA

Рӯзи 08.09.2021 роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” бо намояндагони босалоҳияти JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд. Мақсади асосии вохӯрии навбатӣ ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба хотири мукаммалу муҷҷаҳҳаз гадондани Марказҳои хизматрасонии техникӣ бо техникаю таҷҳизоти муосири кишоварзӣ ва дар ин замина механиконии бахшҳои ҳаётан муҳими соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Бо ин мақсад намояндагони JICA дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳқиқот анҷом дода, талаботи хоҷагиҳои деҳқониро ба техникаю мошинолот омӯхта, оид ба ин масъала лоиҳаи худро омода ва амалӣ намуда истодаанд.

Қабл аз ин JICA ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” таи солҳои 2010-2012 ду маротиба кумаки пулӣ намуда, маҷмуан 4 млн. доллари амрикоӣ барои харидории техникаю мошинолот ҷудо намуда буд, ки бо ин маблағҳо 152 адад траткорҳои МТЗ 82.1 ва 152 адад испорҳои сетанагии истеҳсоли Федератсияи Россия харидорӣ ва ба деҳқонон ҷудо гардида буд.

   

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх