(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии техникии ноҳияи Балҷувон

Дар партави дстуру супоришҳои роҳбаияти олии мамлакат роҳбарияти Корхонаи возиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролилизинг” дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникиро таъсис дода, дар базаҳои Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Лахш, Вахш, Рӯдакӣ, Темурмалик, Восеъ, Тоҷикобод, Истаравшан, Шаҳристон ва шаҳри Хорӯғ устохонаҳои таъмирию сервисиро созмон дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва муштариён хизматрасонии техникӣ расонда мешавад.

Муддати беш аз даҳ сол аст, ки дар ноҳияи куҳистонии Балҷувон Маркази хизматрасонии техникӣ фаъолият менамояд.  Ба маркази мазкур ва 27 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ 28 адад тракторҳои гуногунтамға ва 121 адад таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба маблағи 4,8 млн сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки тамоми корҳои кишоварзӣ, аз шудгор то ҷамъоварии ҳосилро анҷом медиҳад.  Хушбахтона, имрӯз дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази хизматрасонии техникии ноҳияи Балҷувон устохонаи таъмирию сервисӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти “Тоҷикагролизинг” ифтитоҳ гардид, ки туҳфаи хубе барои сокинони ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонию кишоварзон гардид. Устохонаи таъмирии маркази мазкур бо стенди таъмири насосҳои сӯзишворӣ,  дастгоҳҳои харротӣ, вулканизатсия, дастгоҳҳои оҳангарӣ, челонгарӣ ва ғайраҳои таъмин карда шудааст, ки дар давоми шабонарӯз ба муштариён хизмати техникӣ мерасонад. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки Маркази хизматрасонии техникии ноҳияи Балҷувон соҳиби бинои маъмурӣ гардид, ки он иборат аз утоқҳои корӣ, меҳмонхона барои дамгирии механизаторон, ошхона, ҳаммом ва майдончаи истироҳатӣ мебошад. Дар Маркази хизматрасонии техникӣ бо риояи қоидаҳои меъморӣ барои нигоҳдории техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ва таъмири босифати онҳо корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки солҳои пешин механизаторони ноҳияи Балҷувон барои таъмири насосҳои сӯзишворӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Қурғнотеппа ва ноҳияи Рӯдакӣ меомаданд ва бо тай намудани роҳи дароз ва масрафҳои иловагӣ мушкилоти худро осон менамуданд. Имрӯз бошад ин мушкилот дар худи устохона таъмирии Маркази хизматрасонии техникии ноҳия пурра анҷом дода мешавад.

Нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки муштариён то ин дам роҳи дарозро тай намуда, барои ба иҷораи молиявӣ гирифтани техникаю мошинолот ба Душанбе меомаданд. Имрӯз ин кор хеле сода карда шуда, муштариён метавонанд тариқи электоронӣ дархости худро ба “Тоҷикагролизинг” пешниҳод намоянд ва ё аз сомони корхона дилхоҳ техникаю мошинолоти заруриашонро фармоиш диҳанд.

Роҳбарияти “Тоҷикагролизинг”  барои омода намудани кадрҳои болаёқат, ки минбаъд қисмҳои аз кор баромадаи техникаю таҷҳизотро таъмин намоянд, дар маркази хизматрасонӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, беҳтарин кормандони инженер техникиро бо ин мақсад сафарбар намудааст.

Роҳбарияти “Тоҷикагролизинг” дар оянда нақша дорад, ки чунин марказҳои таъмирию сервисиро марҳила ба марҳила джар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода, хизматрасонии техникиро ба хоҷагидорону кишоварзон боз ҳам беҳтар намояд.

    

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх