(+992 44) 600-58-58

ПН - СБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ВАБОИ АСР

Вазъи ҷаҳони имрӯза ҳар соату ҳар рӯз дар ҳоли тағйир буда, ҳодисоту воқеҳо тавре рух медиҳанд, ки наметавон онҳоро пешгӯӣ кард. Пайдоиш ва ташаккули гурӯҳҳои ифротгаро дар нуктаҳои мухталифи ҷаҳон, алалхусус дар кишварҳои Ховари миёна хатарҳои ҷиддиеро барои башарият эҷод мекунанд, ки боиси мусибату нооромиҳо барои аҳли башар дар ин ё он кишвар мегардад.

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи муосир тарғиби васеъи ақидаҳои иғвоангез ва ғояҳои тундравонаи диниву мазҳабӣ аст, ки дар фазои иттилоотии кишвари мо тавассути баъзе нерӯҳои хориҷӣ ва гумоштагону муздурони дохилии онҳо ба таври мунтазам интишор дода мешавад. Маҳз ҳамин нерӯҳои дохиливу хориҷӣ буданд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо гардида, Ватанро вайрону мардумро саргардон карда буданд. Дар шароити кунунӣ низ нерӯҳои зиддиконститутсионӣ ва ифротгарои мазкур таҳти ҳимояи сарпарастони бурунмарзии хеш таҳти шиорҳои исломӣ мехоҳанд, ки дар зеҳнияти аҳли кишвари мо арзишҳои миллӣ ва ҷомеаи дунявиро беқурб карда, афкори оммаро ба нафъи худ шакл диҳанд. Дар ин ҷода пештар ва бештар аз ҳар нерӯи мухолифе ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни хориҷии онҳо фаъол шудаанд.

Бояд қайд кард, ки хоҷагони хориҷии наҳзатиҳо барои ҳамеша фаъол нигоҳ доштани ҷабҳаи ҷанги иттилоотӣ шабакаи пойгоҳҳои иттилоотиро сарпарастӣ мекунад, ки сомонаҳои “Ислоҳ.нет”, “Паём.нет”, “Наҳзат.орг”, “Рисолат.тҷ”, “Бомдод”,гуруҳи 24 ва ғайра аз зумраи онҳост. Ин сомонаҳоро на фақат ҶТ пойгоҳҳои иттилоотии ифротӣ медонад, балки ҷомеаи демократии ҷаҳон дар қатори саркардагони гуруҳҳои террористӣ мешиносанд.

Тавре аз шабакаҳои интернетӣ бармеояд, сомонаҳои “Ислоҳ.нет”, “Паём.нет”, “Наҳзат.орг”, “Рисолат.тҷ”, “Бомдод” ва гуруҳи 24 бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба ҳар роҳу восита мекӯшанд, ки вазъи кунуниро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол муташанниҷ сохта, бо пеш бурдани ҷанги иттилоотӣ мағзшӯии махсусан ҷавононро созмон дода, ҷомеаи орому осоиштаи моро халалдор созанд. Бояд гуфт, ки сомонаҳои мазкур аз тарафи Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори 92 расонаҳои ифротӣ мамнуъ дониста шудааст.

 Имрӯз бар ҳар яки мо маълуму равшан аст, ки хоҷагони хориҷӣ, ки наҳзатиҳоро сарпарастӣ мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки вазъиятро дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Аморати исломии Афғонистон (ҶИА) хароб созанд. Бо ин мақсад гуруҳҳои терористӣ ва пеш аз ҳама қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ – созмони “Ансоруллоҳ”-ро мавриди истифода қарор медиҳанд. Анҷом ёфтани ҳамлаи террористӣ аз сӯи ин созмон ба вулусволии Моҳимай ва Нусайи Афғонистони Бадахшон чанд сол пеш ва зимни он кушта шудани даҳҳо нафар исботи ин гуфтаҳост. Яъне бо ин амалҳо наҳзатиҳо ва пуштибонҳояшон мехоҳанд ба Тоҷикистон фишор оранд ва давлату миллати моро тарс диҳанд. Аммо, ин амалҳои ноҷавонмардонаи гуруҳи “Ансоруллоҳ”-бо номи рамзии Маҳдӣ Арслон (зодаи ноҳияи Нуробод) ҳаргиз аз тарафи ҷомеаи башарӣ пуштибонӣ наёфта, ҳаргиз наметавонад марзҳои сарҳадии Тоҷикистонро убур намояд, зеро сарбозони шуҷоъу озмудаи давлати Тоҷикистон ба ҳар як кӯшиши ин хоини Ватану миллат дар чандин мавридҳо зарбаҳои дандоншикан дода, минбаъд ин гуруҳи террористӣ ҷуръат намекунад, ки бо чашми бад ба ин тарафи марз ҳатто нигоҳ кунад.

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки равшанфикрону зиёиёни мо, ҳар фарди бошууру ватандӯст бо истифода аз қалами бурро ва далелҳои мушаххас дар ҷанги иттилоотӣ бар зидди ин гуруҳҳои ифротӣ ва ватанфурӯш ба мубориза бархезанд. Зеро, дар замони ҳозира ҷанги иттилоотӣ беш аз пеш шиддат гирифта истодааст, ки ҳадаф аз роҳандозии он ҳамвор кардани роҳ барои дахолати амалии субъектҳои сиёсӣ дар қаламрави объектҳои сиёсӣ ва дастрасӣ ба сармояҳои табииву инсонии онҳост. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки барои ҳифзи амнияти фазои иттилоотӣ ва идеологии кишварамон беш аз ҳарвақта талош варзем иҷозат надиҳем, ки лашкари муру малах фазои ороми моро халалдор созанд.

Бинобар ин, ҳифзи амнияти фазои иттилоотӣ ва идеологии кишвар дар шароити кунунӣ масъалаи воқеан мубрамест, ки масъулияти анҷом додани онро ҳар фарду марду ҷомеаи мо бояд дарк кунад ва дар ин росто дастбакор шаванд. Дар ин ҷода беш аз ҳама шаҳрвадон ва аҳли зиё ва ҷавонони фаъоли кишвар бояд пешсаф бошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  маҷлисҳои ҳукуматӣ, дар вохӯрӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар мушкилоти мавҷуда ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, пешгирии ҷавонон ҷиҳати шомилшавӣ ба гуруҳҳои терористию экстремистӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо пеш аз ҳама тарбияи дуруст ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонони кишвар мебошад.              

Тавре ба мо маълум аст ва аз тариқи васоити ахбори ҷаҳонӣ мебинем, дар як қатор давлатҳо, махсусан кишварҳои исломӣ терроризм ва ифротгароӣ рӯз ба рӯз авҷ гирифта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ба таблиғоту ақидаҳои ифротгароӣ зиёд мегардад. Аксари гурӯҳҳои ифротгару ҷудоихоҳ мекӯшанд, ки дини мубини исломро сипари худ қарор дода, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро ба роҳи бад бурда, ба манфиати хеш истифода намоянд. Мо дар зиндагии чанд соли пеши худ дидем, ки маҳз исломгароёни ифротгаро чи қадар ҷавонони моро бо роҳи фиребу найранг ба сафҳои нопоки худ ҷалб намуда, бо ваъдаҳои хурофотии худ, ки гӯё ширкат дар муборизаҳои бо ном ҷиҳодӣ онҳоро рост ба биҳишт мебарад, фаъолиятҳои нопоки худро ҳанӯз ҳам идома дода, таблиғоти дурӯғини худро дар байни ҷавонону наврасон идома дода, барои нотинҷ гардондани ҷамъият ва сохти конститутсионӣ муборизаи беамон мебаранд. Инро мо дар мисоли фурӯхташудагони ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, гурӯҳи 24 ва Муҳаммадиқболи ватанфурӯш мебинем, ки бо мақсадҳои нопоки худ мехоҳанд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ватани маҳбубамон, ки барои ҳар кадоми мо  муқаддас аст, низоъи дохилиро роҳандозӣ намуда, кишвари осоиштаи моро ноамну ноором намоянд. Вале, тири онҳо доимо хок мехӯрад ва мардуми шарифи Тоҷикистон мақсаду мароми онҳоро зуд пай бурда, таҳти раҳбарии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, бар зидди ин гурҳҳои ҷудоихоҳ муборизаи беамон мебаранд.                 

Имрӯз шукри онро мекунем, ки дар ватани ободу осоишта умр ба сар мебарем ва баҳри ободию шукуфоии втани маҳбубамон заҳмат мекашем ва барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити мусоидеро баҳри зисту кор муҳайё менамоем.                                 

Имрӯз ҳар як фарди солимақли ҷомеа бояд дар пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб саҳмгузор бошад, қаблан ба ҳар як шаҳрванди инсондӯсту ватандӯст зарур аст, ки бо андухтани дониши амиқу ҳаматарафа ва дар худ парваридани хислатҳои ҳамидаи одамӣ ба наврасону ҷавонон намуна бошанд, зеро ҷавонон, ки ояндаи миллату давлати маҳбубамон мебошанд дар ҳалли бисёр масълаҳои ҳаётӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ қодир ҳастанд. Мо дар якҷоягӣ вазифадорем, ки сохти мавҷудаи конститусиониро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем ва таҳти сарварии Пешвои маҳбубамон баҳри зиндагии шоистаи тамоми қишрҳои ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем ва аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда истифода намоем. Мо бояд тавре ҷавононро тарбия намоем, ки ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавононро баланд бардорем, кореро ба анҷом расонем, ки ватани азизи мо Тоҷикистон ба Афғонистони дуввум мубаддал нагардад. Афғонистони ҳамсояи мо дар асари таъсири рӯҳониёни чалласавод, ки бо ном муборизаҳои ҷиҳодӣ мебаранд, беш аз 40 сол аст, ки ин сарзамини фаррохро ба майдони ҷангу низоъ ва хусуматҳои қавмӣ табдил дода, арзишҳои инсониро поймол карда, як давлати қавмгаро ва ғайридунявиро эҷод карда, махсусан мақоми занро дар сатҳи поинтарин қарор дода, макотибу дорулфунунҳоро ба рӯи онҳо баста, ҳуқуқҳои инсонро ба сифр расондаанд. Дар ин кишвари ҷангзада маҳз ҳамин ифротгароёни исломӣ миллтаро ба гурӯҳу қавмҳо ҷудо карда, бо баҳонаи мазҳаб қавмҳоеро, ки дар мазҳаби ҳанафӣ нестанд, қатл намуда, аз хонаву дарашон беҷо кардаанд.                              

Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ сармашқи кори худ қарор дода, занҷираи мустаҳкамеро дар бунёди давлати миллиамон эҷод намуда, пеши роҳи ҳамагуна ҳаводиси пурпечутоби хатарнок барои ҷомеа гирифта шавад ва нагузорем, ки ақидаҳои хуношоми ташкилоту созмонҳои ифротию террористӣ ба ҷомеаи мо роҳ ёбанд.

Оставить свой отзыв

Ваш электронный адрес не будет опубликован.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх